
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон мулоқот доир намуд.
Мавзӯи вохӯрии мазкур пешгирии вируси нави “тоҷдор” ва риояи қоидаҳои гигиенӣ буда, бо ҳар як нафар суҳбати хоса анҷом дода шуда, онҳо таъкид гардиданд, ки аҳли хонавода ва наздикони худро аз ин беморӣ огоҳ созанд.
Суҳбат дар ҳоле анҷом дода шуд, ки ҷавонон дар вақти кор ё сайру гашт машғул буданд. Инчунин, ба онҳо фаҳмонида шуд, ки бе зарурият ба ҷойҳои серодам нараванду тез-тез дастҳои худро бо маҳлулҳои безараркунанда пок созанд.
Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ дастрас карда шуд.