БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ БО МАВОДҲОИ АНТИСЕПТИКӢ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон оид ба пешгирии бемориии сироятии короновирус  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва  дастгирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ба муассиса -интернати ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш дар ҳаҷми 100 кг  маводҳои антисептикӣ ҷиҳати  пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19),  ва дигар маводҳои лозима кумак расонида шуд.

Дар ин радиф аз љониби  фаъолон, аъзо ба љонибдорони ҲХДТ, алалхусус шахсони саховатпеша  чунин иқдомҳои нек дар ҳудуди ноҳия идома дошта, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки  ҷиҳати пешгирӣ аз ин бемории хавфнок  ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намоянд худ ва наздиконашонро эмин нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg