БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ БОҒИ НАМУНАВӢ БО ИКДОМИ ВАКИЛОН

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иқдоми пешгирифтаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон оид ба бунёди боғи намунавӣ бо номи "Боғи вакилон" дар майдони 1 гектару 80 сотих замин дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Хироб боғи нав бунёд гардид.

Қайд кардан зарур аст, ки дар тӯли 5 соли фаъолияти вакилӣ ҳар як вакил иқдоми наҷибонаеро пеш гирифтанд, ки бо шинонидани 20 адад ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда дар  боғи навбунёд  "Боғи вакилон" саҳм гузошта, дар парвариш ва нигоҳубини дарахтон ҳиссагузорӣ менамоянд.
Ҳамчунин миёни вакилон оид ба вусъатбахшии раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб суҳбату вохӯрӣ доир гардида, ҳар як вакил вазифадор карда шуд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар доираи усули "хона ба хона" миёни сокинон таҳти унвони "Саломатии миллат, бойгарии давлат" баргузор карда, мардумро дуруст фаҳмонанд то ин, ки онҳо дар таҳлука наафтида, саломатии худро ганҷи бебаҳо дониста, ба тозагӣ, гигиенаи шахсӣ дар оила  риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg