БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТИ МОДАР-ВАТАНРО АЗ ДИЛУ ҶОН МЕКУНЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  чорабинии тантанавӣ, гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии ноҳияи Кушониён роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Асроров Саидшо ба сухан баромада, дар суханронии хеш сарбозонро барои ин шуҷоату мардонагӣ, ки ба хоҳиши худ барои  иҷро кардани қарзи шаҳрвандии худ, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин дарҷ гардидааст: “Ҳифзи Ватан ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст” ёдовар шуда, ба наваскарон дар идомаи хизмати минбаъдаашон тансиҳатӣ, ҷасорату мардонагӣ, далерию ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ, илму дониши баланд, маърифату чаҳонбинӣ, тафаккури созанда ва бурдбориҳои беназирро таманно намуда, онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватан-Модар ва халқи бузурги Тоҷикистон раҳнамоӣ намуд.

Пас аз суханрониҳои чанде аз  шахсони даъватӣ љавонон ба  сафҳои Артиши миллӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона гусел карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg