
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз субҳи барвақт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба хотири бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон Аксияи ҳизбӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии короновирус ба бозори ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия рафта, ба шаҳрвандон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ва нишонаҳои он дастрас карданд. Инчунин, дар ҳудуди ноҳия бо иштироки масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамарӯза миёни аҳолӣ идома дошта, сокинон аз роҳҳои муҳофизат ва пешгирии он огоҳонида шуда истодаанд.