БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФЕСТИВАЛИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар боғи марказии фарҳанги фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фестивали “Сайри гули лола” бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва дигар фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром  ба сухан баромада, ҳозиринро ба ҷашни баҳору зебоӣ табрик намуданд. Ҳамчунин қайд намуд, ки лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.

Чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, дар он ҳунармандони Раёсати фарҳанги  шаҳри Кӯлоб фаъолона ширкат карданд. 

Барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории озмуни “Сайри гули лола” Ҳамидиён Орзу   бо    Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg