БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ҲАТМИСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Хона ба хона” ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин  аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ наздики 200 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас  карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки Насим Саидов  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории ин аксия  шаҳрвандонро хотиррасон кард, ки хушбахтона дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg