БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯТИМОНИ КУЛЛ БА НАЗДИКӢ БО ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ ХУШТАРҲУ ЗАМОНАВӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеояд, сохтмони манзили истиқоматӣ барои ду нафар ятимони кулл, ки бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён   дар арафаи анљомёбҷ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки моҳи январи соли ҷорӣ ҳангоми баргузор намудани вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Тахти Сангин шаҳрванди деҳа М. Шодиева бо дархост аз шароити вазнини иқтисодии оилавӣ ба  раиси Кумитаи иљроияи  ноҳиявии ҳизб Шарифзода Маҳмадаюб  муроҷиат намуда буд, пас  аз баррасии муроҷиати шаҳрванд маълум гардид, ки М. Шодиева манзили истиқоматӣ надорад ва дар бинои садамавӣ бо фарзандонаш  истиқомат мекунад. Инак, бо иқдоми бевоситаи Шарифзода Маҳмадаюб  сохтмони бинои манзили истиқоматӣ бо тарҳи нави замонавӣ сохта шуда, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg