
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирии бемории сироятии нави “Тоҷдор” миёни нафароне, ки бештар ба корҳои сохтмонӣ сару кор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маводҳои таблиғотӣ аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дастрас карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Восеъ зимни иҷрои корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар аксарияти ҷойҳои ҷамъиятӣ варақаҳои иттилоотӣ насб карда шуда, инчунин аз ҷониби мутасаддиёни Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст. Аллакай дастаҳои дарҳои утоқҳои корӣ барои безараргардонӣ матоъ ва докаҳои сафед печонида шуда, бо маҳлули хлор намнок гардонида мешаванд. Ин усул интиқоли вирусро пешгирӣ менамояд.
Ба ҳамаи масъулини идораву ташкилотҳо фаҳмонида шудааст, ки дар даромадгоҳи биноҳо матоҳои намнокро гузошта, ба болои он маҳлули хлорро пошанд.