БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МУАССИСА-ИНТЕРНАТ БО ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ ФАРО ГИРИФТА ШУДАНД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ва аъзои фаъоли ҳизб  бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушҳолию  болидагии кӯдакону наврасони муассиса-интернати ятимону бепарасторони ноҳияи Вахш ба номи Мирзо Сатторов  чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд.  

Дар чорабинии идона  бо дастгирии  яке аз узви фаъоли ҲХДТ  Нуралӣ Ризоев ба 210 нафар писарон ва 90 нафар духтарон либосҳои ягонаи мактабӣ ҳамчун ҳадяи баҳорӣ тақдим карда  шуд, ки дар ин рӯз  хурсандии тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифатро ҳадду канор набуд.

Зимни ибрози андеша роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб қайд кард, ки ятимону бепарастонрон ҳамеша дар зери ғамхориҳои пайвастаи ҳукумату давлати ҷумҳурӣ қарор доранд, аъзои  фаъоли ҳизб низ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, ин табақаи ниёзманди ҷомеаро зери сарпарастии  доимии худ гирифтаанд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg