
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри пешгирии бемории сироятии Короновирус бо усули "хона ба хона" миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуда истодааст.
Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроия Мирзозода Исуф оид ба пешгирӣ намудани бемории сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ дар оилав, чигуна худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии Коронавирус тавсияҳо дода, ќайд намуд, ки ҳангоми эҳсоси нишонаҳои зуком ё бемории шадиди роҳи нафас аз худтабобаткунӣ даст кашида, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намоед.
Инчунин, мавсуф таъкид кард, ки моро мебояд ба таҳлука наафтида, тарзи ҳаёти солимро пеш гирем, ба табибони худ бовар кунем ва ба зиндагӣ хушбин бошем. Ҳамеша тарғибгари ҳаёти солим бошем ва барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус аз гигиенаи шахсӣ васеъ истифода барем то худ ва дигаронро аз ин бемории хавфнок эмин нигоҳ дорем, чунки агар ҷомеа солим бошад, давлат устувор мемонад.