БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАНГҲОИ ИТТИЛООТӢ - ЗАМИНАГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҶАНГИ САРД

ВОКУНИШ. Ба ҳамагон возеҳ аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди тамоюли вусъатёбии беҳаду марзи ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорад ва ин мудҳиштарин хатар ба амнияти миллии кишварҳои Ховари Миёна ва кишварҳои минтақа буда метавонад. Дар ин росто мебояд Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Ховари Миёнаро, ки нерумандӣ ва афкори сиёсии хешро ба ҳадди кофӣ сари масъалаи «Пешгирии гаравиши ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» рӯи кор оваранд.

Бояд тазаккур дод, ки агар ба таърихи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун “мусичаи бегуноҳ” аз гумроњкунии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардиданд. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гурӯҳи террористии “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуданд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ, воқеаи нангини куштори сайёҳони хориҷӣ, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷҷуби мардуми кишвар гардид. Дар куҷо дида будед, ки тоҷики меҳмоннавоз меҳмони худро бикушад. Наҳзатиён бо ин амали нангинашон дигарбора собит карданд, ки заррае аз ҳуввияту асолати милливу имонӣ дар вуҷудашон нест.

Воқеан намоишҳои вопасини дар сомонаҳои интернетӣ пахшнамудаи ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» хандаовар ва шармовар аст, зеро хиёнатпешагон, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонду радди маърака шуданд, имрӯзҳо дар тамоми сомонаҳои интернетӣ шӯру мағал бардошта, худро «Ҳомии Ватан» метарошанду Ватан мегӯянд ва 4 аз таги дор гурехтаи дигар сару садо мезананд, ки «ҳақ гуфтӣ», ки ин ба ҷуз мардумфиребӣ дигар чизе нест…

Дар асл ҳақ он аст, ки соли 1992 ҳамон ватани гуфтаашон-Тоҷикистон аз дасти ҳамин ватандӯстони тақаллубии косалеси мардумфиреб ба парокандагӣ дучор омада буд.

Ба ин берӯгиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат боз имрӯз бо роҳи дурӯғпаҳнкунӣ ва тавсеапардозӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар фазои маҷозӣ ба зеҳни одамон таъсиргузорӣ намуда, афкори пучу хурофотзадаи роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ пароканда ва «Ихвон-ул-муслимин»-ро дар баъзе сомонаҳои иҷтимоии марбут ба ташкилотҳои террористию экстремистии бо забони тоҷикӣ интишоршаванда, ки фаъолияти иғвобарангез ва сиёҳкорӣ доранд, тарғиб намуда, ба фалак мепечонанд. Онҳо танҳо аз ин роҳ мехоҳанд мағзҳои соддабоварро ба худ моил гардонанд. Бояд кӯчактарин ватандори тоҷик донист, ки ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» на ҳомии манфиатҳои миллӣ, балки ҳомии пардаҳои сиёсии хоҷагони хориҷии хеш мебошанду халос.

Чанде пеш як навори тозаи характери эктремистидоштаеро дар сомонаи YouTube дида, шоҳиди як дурӯғи серсафсатаи пурпечутоби раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ гардидам. Кабирӣ дар навори видеоӣ рӯирост дурӯғ мегуфт, ки гӯё ҲНИ дар давраи расман фаъолият карданаш дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон муассисаи таълимӣ сохтааст. Чӣ дурӯғи теғадоре!!! Мехоҳам равшанӣ андозам, ки ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва исломии Тоҷикистон расман фаъолият менамуд, вале аҷибаш ин ки ҳизби исломии Тоҷикистон чаро дар пояи мазҳаби Ҳанафӣ нею дар пояи мазҳаби Ваҳобия фаъолият намояд? Равияи Ваҳобияро қисмати мардуми Ҷумҳурии Исломии  Эрон қабул намудаанд, ки дар он қатлу куштору зулм роҳ дорад, ки барои миллати тоҷдори тоҷик ба пуррагӣ бегона аст. Аз инҷо бараъло мушаххас мегардад, ки поягузори ҲНИ Ҷумҳурии Исломии  Эрон мебошад ва ҳадафаш ба ҷумҳурии исломӣ табдил додани Тоҷикистон ва пойбанди худ намудан буду бас!

Мудоме, ки ҲНИ ҳамчун як хоини миллати тоҷик дар Тоҷикистон фаъолият мебурд, пас чӣ гуна дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи таълимӣ бунёд кунад. Агар ба сохтани иншооте қодир мебуд, сароғоз муассисаи таълимии динӣ бунёд намуда, мардумро ба рӯ овардан ба равияи ваҳобия даъват менамуд. Бояд тамоми табақаи аҳолӣ донад, ки ҳамин набардҳои иттилотӣ хатари мудҳишеро дорост, ки ба оғози марҳилаи нави Ҷанги сард замина хоҳад гузошт ва дар муқобили мухолифон бо иттиҳоду сарҷамъӣ мубориза баранд. 

Дар ин росто фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдеро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз гурӯҳҳои ифротагарову тундгароӣ ба монанди “Паймони миллӣ”, ТЭТ ҲНИ, “Ихвон-ул-муслимин” ва «Гурӯҳи 24» барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷуҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷуҳ намоянд, ки имрӯзҳо Тоҷикистони маҳбуби мо бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун гул мешукуфад. Ин бадхоҳон аллакай лӯхтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режиссёри асосии саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд, ки мақсади ягонаашон ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон ё кишварҳои дигари Ховари Миёна асту бас!

Дарвоқеъ ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чунки чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум пеш аз ҳама манфиату дастовардҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст. Вале имрӯз бояд шиори ҷомеаи ҷаҳон хоса Тоҷикистон бояд «Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама» бошад. Чунки чанд сарзадаи мо низ фирефтаи мухолифин гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 1992 тавассути тамоми расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ аз мардуми тоҷик, ки аз дасти аҷнабиён ба хоки Афғонистон паноҳ бурда буданд, даъват ба амал оварда буд, ки ба Ватан баргарданд ва дар ҷараён Пешвои миллат иброз намуда буданд, ки «…то охирин фирории Ватанро ба хонаву дараш барнагардонам дилам ором намегирад». Имрӯз ҳам ҳамин аст, ки ҳарки аз роҳи мухолифин канор кашид, бахшида шуду ба зиндагияш баргашт, ки ин ҳам аз баракати Пешвои муаззами миллат буд.

 

Ҳасанзода Тағоймурод, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg