БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Шаҳритуз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд бо иштироки волидон ва фаъолони ноҳия таҳти барномаи махсуси бадеию фарҳангӣ сурат гирифт.

Барои даъвати навбатӣ бо дархости даъватшавандагон курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ таъсис ёфта буд, ки тавассути он 31  нафар ҷавонон соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагӣ шуда, баъд ба хизмати Ватан-Модар  сафарбар карда мешаванд. Аз ин шумора 15  нафар ҷавонон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16  нафарашон аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз маблағузорӣ карда шуданд.Даъватшавандагон аз тарафи иштирокчиёни чорабинӣ барои ин масъулияти муҳими хизмат ба Ватанро ихтиёран қабул намудани ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар хизмати содиқонаю софдилона барору комёбиҳо таманно карданд. Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ 11  нафар ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар  раҳсипор гаштанд ва 31  нафар ҷавонон ҳамин ҳафта баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ сафарбар карда мешаванд. Дар маҷмуъ 42  нафар ҷавонони синни даъватӣ  аллакай барои хизмат дар сафи Қувааҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg