БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА МАЪЮБОН ҲАМ ТАВАҶҶУҲИ ХОССА ЗОҲИР МЕНАМОЯД

ҶАЙҲУН.  Дар  доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи иҷрои Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани некӯаҳволии мардум  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дастгирии  ташкилоти ибтидоии "Маркази саломатӣ" ба як оилаи фарзанди маъюбдошта ба маблағи  400 сомонӣ кӯмак  расонида шуд. Ин амали хайрхоҳона аз ҷониби   шахси ниёзманди ҷомеа  бо руҳбаландӣ қабул  карда шуда, миннатдории  хешро ба  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони саховатманди диёр  баён доштанд. Чун анъана пайваста корҳои хайру сахо, иқдомҳои неку наҷиб аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба қишри ниёзманди ҷомеа расонида мешавад, ки сокинон аз ин ташаббусҳои ҳизбиён сарфарозу миннатдоранд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg