БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг  имрӯзҳо ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва сироятии  коронавирус дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.  Чунин вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дар деҳаи Сариосёб гузаронида шуд.

Дар суҳбат ба ҳозирин қайд гардид, ки хушбахтона вируси короно дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида бигирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем. Агар мо бихоҳем, ки худ ва аҳли оилаи худро аз ин беморӣ ҳифз намоем, моро зарур аст, ки тавсияҳои созмонҳои умумиҷаҳонии тандурустиро қатъӣ риоя кунем. Чунки чи тавре мегӯянд пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Дар баромад ба ҷамъомадагон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди дастҳои худро ба бинӣ ва даҳон назадан, дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шӯстан, барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон ба он вазелин ва маҳлулҳо молидан, либосҳоро зери нури офтоб ва ё рӯи гармкунакҳо хушк кардан, бо оби гарм ҳаммом кардан, ба ҳеҷ ваҷҳ оби хунук ва ғизои сард нахӯрдан,  ҳавои ҷойи кор ва маҳали зистро тоза нигоҳ доштан, аз даҳонбанд (маска) истифода бурдан,  бе зарурат   ба ҷойҳои серодам нарафтан, вақти атса задан бо рӯймолча пеши даҳонро пӯшонидан ва дигар талаботҳои беҳдоштӣ ба таври хеле содда ва фаҳмо тавсия дода шуд. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg