БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОН СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ШУДАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шуъбаи Ҷарроҳии  ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ” -  и ноҳияи Кӯшониён бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат масъулин перомуни татбиқи дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа гардида, оид ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, муоширати хуб бо беморон, пешгирӣ аз истифодаи доруҳои қалбакӣ, бесифат ва муҳлаташон гузашта андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки  хизматрасонии хуби тиббӣ вазифаи ҷонии ҳар як корманди соҳа буда, ҳар як мутахассисро мебояд тибқи талаботи муқарраршуда ба мизоҷон хизмати хуби тиббӣ расонад.

Сипас, дар идома  дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёну равияҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар охир ба 20 нафар  кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоӣ, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg