БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВСИЯҲО ОИД БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи коронавирус дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ    корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Чунин вохӯрӣ дар дар ташкилоти ибтидоии    “Амонатбонк”   бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Фирӯзи  Саидмуъмин гузаронида шуд.

Фирӯзи Саидмуъмин дар суҳбат ба ҳозирин қайд намуд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон   хушбахтона вируси коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида бигирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем.  Агар мо бихоҳем, ки худ ва наздикони худро аз ин беморӣ ҳифз намоем, моро зарур аст, ки тавсияҳои созмонҳои умумиҷаҳонии тандурустиро қатъӣ риоя намоем.

Дар фарҷом ба ҷамъомадагон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди  дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шӯстан,  аз даҳонбанд (маска) истифода бурдан, бе зарурат ба ҷойҳои серодам рафтан ва дигар талаботҳои беҳдоштӣ тавсия додашударо риоя намуда, саломатии худ ва ҷамъиятро  ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg