БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН Ё БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ ВАТАНДӮСТ АСТ

ВОКУНИШ. Бо мақсади баркандани фазои ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ё мазҳаби бегона дар қаламрави кишвар имрӯзҳо тамоми гурӯҳҳои кории ташкилоту муассисаҳои дахлдор байни аҳолии кишвар пайваста суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Дар робита ба ин, хостам матлаби хурдакаке ба қалам дода, тахрибкории як гурӯҳи террористии хоинро равшан созам.

Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳӣ дорем, вақтҳои охир як гурӯҳи хуношоми террористӣ бо исми бофтаи «Ихвон-ул-муслимин» бо ҳиллаю найрангҳои аҳмақӣ худро «Нахӯди пеши қошуқ» ё ба истилоҳи дигар «машҳур» сохтааст.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи мушоҳидаҳо аз сарчашмаҳои хабарӣ «Ихвон-ул-муслимин» як шохаи корбурди баъзе ниҳодҳои Эрон буда, гурӯҳҳои дигари террористии созмондодаи баъзе ниҳодҳои Эрон анқариб 30 фисади кураи заминро фаро гирифтаасту аксари кишварҳои Ховари Миёнаро мавриди ҳадаф қарор додааст, ки ба мушоҳида мерасад ва қисме аз кишварҳо аллакай ба пуррагӣ аз ҳадафҳои нопоки баъзе ниҳодҳои Эрон хабардор гардидаанд.

Моҳи августи соли гузашта дар Қоҳира Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» зери унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ» доир гардида буд, ки дар ҷараёни он омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом сурат гирифт. Дар Конференсия таърихи созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъияти ду кишвар, муштаракот ва ягонагии ин созмонҳои террористӣ, ки ҳарду кӯшиши ноором сохтани суботи ҳам Миср ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, собит гардида буд ва дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳо аз ҷониби баъзе ниҳодҳои Эрон, масъалаҳои мубориза ва ҳамкории ду кишвари дӯст бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон баррасӣ шуда буд.

Дар ин ҷо бояд ба дурустӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар чораҳои муассир меандешад, вале дар робита ба ин, тамоми зиёиёни кишварро зарур аст, ки бо шумули коршиносони соҳа, устодони факултаҳои сиёсии донишгоҳҳои Тоҷикистон, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ ва корпуси дипломатии кишвар тариқи чорабиниҳо бо ҷалби тамоми табақаҳои аҳолӣ бо истифода аз намоиши аксҳои воқеии амалҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин” ва ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи онҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошуби гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории баъзе ниҳодҳои Эрон дар Тоҷикистон ҷомеаро ба ҳам муттаҳидтар сохта, дар мубориза бо терроризм сафарбар созанд.

Аслан зарур аст, ки аҳолӣ ва тамоми муассисаю мақомоти давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди идеологияи созмонҳои террористӣ ва хатарҳои он камари ҳиммат банданд. Гузашта аз ин, тавре ки дар конференсияи мазкур ироа гардид, ҷоннок намудани нақши ВАО дар мубориза ба муқобили таблиғоту ташвиқоти тахрибии созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, ба роҳ мондани сафару вохӯриҳои дуҷонибаи коршиносону пажуҳишгарони Тоҷикистон ҷиҳати табодули бештари донишу таҷриба дар масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, барпо намудани чорабиниҳои муштарак, аз қабили конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар барои муҳокимаи паҳлуҳои гуногуни экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии интишори онҳо, маҳкум ва ҷилавгирӣ намудани дахолати баъзе ниҳодҳои Эрон ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, кӯмакҳои доимии он ба созмонҳои террористӣ ба мисли «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, аз ҶИЭ талаб кардани эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо ҷиддан зарурат дорад.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (аҳолии давлатҳои аъзои ин Созмон беш аз 3,5 млрд), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва ғайра ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардидааст, вале то кунун табақаи ба истилоҳ «чаласавод»-и ҷомеа ба пуррагӣ дарк накардаанд, ки ин боиси таассуф ва нигаронист.

Бояд ҳамин нуктаро возеҳу равшан гуфт, ки ба террорист падару модараш, ки ӯро ба камол расониданд, лозим нашуду роҳи ифлосро пеша кард, пас каси дигар чӣ лозим!!! Ҳар он касе, ки бо онҳо пайвандид «наузубиллоҳ» хатои маҳз кард. Чунки роҳи онҳо ба ҷуз роҳи маргу фассод, зулм ситам дигар чизе нест!!! На роҳи Ислом асту на роҳи ҷиҳод, ки инро бояд кӯчактарин ашхоси солимақл бояд донист, вале бархе аз бесаводону носолимақлон дар мисоли омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ «муш барин» барои чормағз ба «қапқон» мезананд», ки мавриди мақоли «Баъди сӯхтор об чӣ лозим»-ро мемонаду бас.

Дар фароварди гуфтаҳоям, мехоҳам аз тамоми зиёиёни кишвар даъват ба амал оварам, ки то андозае чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро беш намоем, ки намунаи беҳтарини муттаҳидшавӣ ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳамрайъӣ дар самти ифшо намудани симои душманонаи ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» ва таъсиси мафкураи зидди террористиро дар миёни кишварҳои муайян таъмин намоем.

Ниёзмамад Наргис Ховаршо, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg