![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200313_091521.jpg?itok=kajkIEbd)
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи 1-уми майи Ҷамоати деҳоти Панҷ чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон содиқона ба Ватан хизмат мекунем!” вохӯрҷ доир карданд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод иштирок дошта, зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳоло ҳам ҷавононе ҳастанд, ки аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даст мекашанд ва ё аз сабаби паст будани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиашон ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, ба Ватан - Модару миллат хиёнат мекунанд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми он муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Аз ин лиҳоз биёед, аз шароитҳои хуби қисмҳои низомии мамлакат, ки бо сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё карда шудааст, истифода бурда, қарзи имониву виљдонии хешро дар назди давлату миллат адо намоем.