БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҶАВОНМАРДИИ МОСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Қумсангир чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон содиқона ба Ватан хизмат мекунем!”  бо  иштироки сокинон вохӯриро доир намуданд.

Инчунин, дар  чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳасанзода Тағоймурод  аз суханрониҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки  таърих борҳо собит намудааст, ки дар  таълиму тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон эътибори хосса зоҳир карда мешавад  ва  пояҳои он давлат қавию устувор мемонад. Пас биёед, дар пайравӣ ба Пешвои миллат баҳри  ободии ин Ватан ин сарзамини аљдодиамон хизмат кунем, агар лозим ояд ҷонамонро дареғ надорем! Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg