БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУХАНРОНИЕ, КИ БА ЗАНОНУ БОНУВОН НЕРӮИ ТОЗА БАХШИД

АНДЕША. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар ба занону бонувони мамлакат дар амалӣ намудани он вазифаҳое, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, нерӯи тоза бахшид. Пешвои миллат дар оғози суханрониашон дар бораи қадру манзалати модар барҳақ қайд намуданд, ки иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила  ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.

Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.  Модар чунин  дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубонию бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад.

Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад. Ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат бе миннат талош меварзад. Аз ин рӯ, мо, фарзандон чӣ қадаре, ки ба модар хизмат кунем, ҳатто якшаба ранҷи шабзиндадориҳои ӯро ҷуброн карда наметавонем.

Пешвои миллат дар давоми суханрониашон дар бораи хизматҳои модарону бонувон баҳо дода, қайд карданд, ки дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бонангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд.

Дар баромад бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа  ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад.

Чунин ғамхориҳоро мо имрӯз нисбати занону бонувони ноҳияи Ховалинг ҳам бараъло мушоҳида менамоем.  Ҳоло занону бонувони ноҳия ба ҳайси  хизматчиёни давлатӣ, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Шумораи занону бонувон дар соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф,  тандурустӣ ва  фарҳанг сол то сол зиёд мегардад.

Боиси қаноатмандист, ки бештар аз 30 фоизи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро занону бонувон ташкил медиҳад.    

Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҳамаи ташаббусҳои аз тарафи давлату ҳукумат роҳандозигардида аз тарафи занону бонувон дастгирӣ меёбанд. Занону бонувони ноҳияи Ховалинг ҳам дар қатори дигарон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ”, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” - ро бо қаноатмандии бузург пазируфтанд. Он падидаи нек - бештар шудани шавқу ҳаваси духтарон ба хондан, ки дар суханронӣ қайд гардид,  дар ноҳияи мо ҳам ба мушоҳида мерасад.    

Президенти мамлакат дар баромадашон  дар бораи мушкилоту масъалаҳое сухан ронданд, ки бе дастгирии занону бонувон роҳи ҳалли худро намеёбанд. Яке аз ин мушкилотҳо, ки дар ноҳияи мо ҳам дида мешавад ва боиси нигаронӣ ҳам ҳаст, афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад.

Аз рӯи таҳлилҳои мутахассисони соҳа сабаби асосии сар задани низоъҳои байни зану шавҳар дар оилаҳои ҷавон, - гуфтанд Пешвои миллат,- ба ҳаёти мустақилона омода набудани духтарону ҷавонон мебошад. Иддае аз падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона ҳоло ҳам дуруст омода намесозанд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой намедиҳанд. Ҳамаи ин гуфтаҳо ба сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи мо ҳам хос аст. 

Президенти мамлакат аз модарону бонувон даъват ба амал овард, ки нисбат ба шавҳарони худ меҳрубону ғамхор бошанд ва ба қадри заҳмати онҳо бирасанд. Танҳо дар чунин сурат оилаи мустаҳкам барпо кардан мумкин аст. Чунин муносибати хуби байниҳамдигарии падару модар ба фарзандон ва аҳли оила таъсири мусбат мерасонад ва ба онҳо дарси ибрат мегардад. Дар чунин оилаҳо фарзанд тарзи дурусти оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад. Ҳамчун шахсони хайрхоҳу савобҷӯ ба камол мерасанд.   

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки занону бонувони ноҳияи Ховалинг аз баромади пурмуҳтавои падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, дар барпо намудани муносибатҳои хуби оиладорӣ, тарбияи фарзандон ба зиндагии мустақилона, соҳиби дониш ва касби дилхоҳ гардонидани онҳо аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода менамоянд.

Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

                                                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg