БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС, НИШОНАҲОИ БЕМОРӢ ВА ҲОЛАТИ ЭПИДЕМИОЛОГИИ ОН

АНДЕША. Бори аввал дар бораи намуди нави сироятии вируси COVID-19, ки хуруҷи он дар охири соли 2019 дар Вухан (Музофоти Хубей, Хитой) ба вуқӯъ омадааст, яке аз аввалинҳо шуда табиби чинӣ Ли Вэнлян дар бораи коронавируси нав ҳангоми омӯзиши барангезандаи бемории илтиҳоби шадиди шушҳо дар бисёр беморон ҳангоми озмоишҳои тиббӣ қайд намудааст.

Далели ногувори ин беморӣ ин аст, ки дар фарқият нисбати аксарияти бемориҳои сироятии дигар шахсони сироятёфтаи COVID-19, пеш аз пайдо шудани аломатҳои аввалини беморӣ ба дигарон хавфи сироятдошта, бо суръати тез​​ ба тамоми музофоти Хубей, сипас Чин ва имрӯз - ба бисёр кишварҳои дунё паҳн шудааст, ки аллакай беш аз ҳазорҳо нафар инсонро ба ҳалокат расондааст.

Сироятёбӣ ба ин бемории вируси нав аз рӯи ҷинси одамон фарқияте вуҷуд надошта – ҳам ба мардон ва ҳам ба занон баробар таъсир мерасонад.

Ба ҳолати 30 марти соли 2020 - дар ҷаҳон 75 378 2 ҳолати сироят расман бақайд гирифта шудааст, ки аз он 15 871 4 нафари онҳо шифо ёфтанд ва 36 253 нафар фавтидаанд. Дар Русия, коронавирус дар 1 839 нафар сокинони кишвар ошкор шуда, аз онхо 72 нафарашон шифо ёфта, 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.  Дар Украина - 480 нафар ошкор карда шудааст.

Паҳншавии зиёди сироятёбӣ аз коронавирус дар Италия дида мешавад, ки шумораи умумии сироятёфтагон - 10 173 9 нафар, фавтидагон- 11 591 нафар, ки ин назар ба давлати Чин зиёдтар мебошад. Шумораи фавт дар муқоиса бо дигар кишварҳо баландтар буда - 11.4%-ро ташкил медиҳад.

Дар Испания - 85195 нафар сироятёфтагон, 7340 нафар фавт (8,62%).

Дар Олмон - 63929 нафар сироятёфта, 560 нафар - фавт, шумораи фавт 0.88%.

Дар Фаронса - 40751 сироятёфта, 2612 фавт, 6,41%.

Дар Британияи Кабир шумораи сироятёфтагон 22141 буда, 1415 фавт, 6,4%.

ИМА аз рӯи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол намуда, 145542 нафар сироят ёфта, 2616 нафар фавтиданд, сатҳи фавт 1,8% -ро ташкил менамояд.

Дар давлати Чин, ки ҳоло дар ҷаҳон дар ҷои чорум мебошад (пас аз ИМА, Италия ва Испания), сироятёфтагон - 82505 нафар, 75956 нафар шифо ёфтаанд. Аз аввали эпидемия 3313 нафар вафот кардаанд.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии мардумии Чин рафти пешинаи ҳаёти худро пас аз алангаи COVID-19 барқарор намуда, 93% шахсони мубталои коронавирус шифо ёфтаанд.

Хушбахтона, дар Ҷумҳурии мо сирояти коронавирус бақайд гирифта нашудааст.

11 март Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ паҳншавии сирояти коронавирусро пандемия номидааст.

Муҳлати пайдоиши нишонаҳои бемории сироятии коронавируси COVID-19 аз 1 то 14 рӯзро дар бар мегирад. Шахси сироятшуда то пайдоиши аввалин нишонаҳои беморӣ ба дигарон хавфнок буда, нишонаҳои беморӣ ба ҳисоби миёна дар давоми 5-6 рӯз пайдо мегарданд.

Ҳолати умумии бемор асосан вазнин муайян гардида, дар аксари ҳолатҳо нишонаҳои беморӣ дар давоми як шабонарӯз пайдо мегардад. Дар бисёр ҳолатҳо дар беморон ягон нишонаҳои сироятёбӣ дида намешавад.

 

Аввалин нишонаҳои бемории COVID-19

  • Беҳолии умумӣ, камқувватӣ;
  • Ҳарорати баланди бадан;
  • Дарди сар, мушакҳои бадан ва гулу ҳис карда мешавад;
  • Сулфаи хушк;

Аломатҳои асосии COVID-19

  • Табларза бо ҳарорати бадан то 38-39.5°С - дар 90% беморон;
  • Дар 69% беморон -беҳолӣ, камқувватӣ, бемадорӣ;
  • Сулфаи хушк, баъзан бо миқдори ками балғам - дар 59% беморон;
  • Дарди мушакҳо (миалгия) ва / ё буғумҳо (артралгия) - дар 34% беморон;
  • Норасоии нафаскашӣ, нафастангӣ (асосан дар 6-8 рӯз аз рӯзи сироят) - дар 31-55% беморон;
  • Безобитагӣ дар қафаси сина, хусусан ҳангоми нафасгирӣ - дар 31-55% беморон;
  • Гум кардани ҳиссиёти бӯй-дар 30% беморон;
  • Дарди сар бо чархзанӣ- дар 8% беморон;

 

Ба гурӯҳҳои хавфнок ё ин ки осебпазир инҳо дохил мешаванд:

  • Ашхосе, ки системаи пасти масъуният доранд;
  • Шахсони калонсол ва нафақахӯр;
  • Кормандони соҳаи тиб;
  • Одамоне, ки дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд;
  • Одамоне, ки бо як бемор дар як ҳуҷра зиндагӣ мекунанд;
  • Одамоне, ки мушҳо, морҳо ва дигар намуди ҳайвонотро истеъмол менамоянд.

 

Пешгирии сирояти коронавирус COVID-19 инҳоро дар бар мегирад:

 

  • Риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ – шӯстани дастон бо собун ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ;
  • Дур будан аз ҷойҳои серодам ва чорабиниҳои оммавӣ;
  • Аз бегонагон дар масофаи то 1-2 метр будан;
  • Ҳуҷраҳои кориро 2 маротиба дар як ҳафта бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза намудан;
  • Худдорӣ аз истеъмоли хӯрокҳои аз ҳайвонот тайёршуда, ки дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ маъмуланд - мушҳо ва дигар хояндаҳо, мор, саг ва дигарон;
  • Истифодабарии ниқоб, рӯймолча, дастмол ҳангоми сулфазанӣ;
  • Агар шумо сулфа, табларза, дарди бадан дошта бошед, ба духтур муроҷиат намуда - ёрии саривақтии тиббӣ дар аксари ҳолатҳо пайдоиши ин бемориро пешгирӣ менамояд;
  • Истеъмоли витаминҳо дар фасли зимистон ва баҳор (пиёз, лиму, сабзавот, сирпиёз ва ғайра).

 

Файзалӣ Назаров, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар, дотсенти илми тибб                                                            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg