БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ!

ФАРХОР. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо дар саҳни Комисарияти ҳарбии ноҳияи Фархор маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин Раҳматзода Рустам Мирзо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ватандӯстӣ аз гӯшаи имондорӣ буда, ҳар фард бояд дар ҳифзи марзу буми кишвари азизи худ саҳми бориз гузорад.

Яке аз сутунҳо ё худ рукнҳои асосии давлатдорӣ дар ҳамаи давлатҳои дунё Қувваҳои мусаллаҳи он мебошад. Баъди соҳибистиқлолӣ мо миллати тоҷик низ соҳиби Артиши миллӣ гаштем, ки он сипари боъэтимод баҳри тинҷию осоиштагии Ватани азизамон мебошад. Даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ маъракаи муҳими сиёсӣ буда, ҳар сол ду маротиба бо Фармони САрфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тољикистон моҳҳои апрел - май ва октябр - ноябр сурат мегирад. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ вазифаи винҷдонӣ, инсонӣ ва имонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мансубияти миллӣ, динӣ ва нажодиаш мебошад. Мо ба хизмати харбӣ рафта, Ватан, аҳли оила, падару модари худро ҳимоя мекунем.

Пас аз суханрониҳои судманд бо барномаи консертии рангоранг навсакаронро ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg