БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ МАНБАИ ҲАЁТ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо иштироки кормандони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панљ дар ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и Идораи таъмини оби нӯшокии шаҳраки Панҷ”  бо аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои  ҳаётан муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат омадааст, обу экология дида баромада шуд. Масъулин оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроия дар баробари дигар масъалаҳои рӯзмарра оид ба пешгирии хатари бемории “Коронавирус” корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, баромадҳо карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg