БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОЛИМОН”

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Олимон” маҷлиси васеъ бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён  Орзу, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ва котиби ташкилоти ибтидоии мазкур  Шоинов Ҳасан  баргузор гардид.

Нахуст, Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафи худ қувваи бузурги созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми  беназир гузорад.

Дар кори маҷлис 3 масъала барои баррасӣ пешниҳод гардид.

Аз рӯи масъалаи якум  ҳисоботи котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” дар давраи соли 2019 шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии “Олимон “ Табарӣ Абдулло Ҳабибулло бинобар сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифаи роҳбари ташкилоти ибтидоӣ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мирализода Абдусалом  Мустафо раиси ташкилоти ибтидоии “Олимолн” интихоб гардид.  

Дар ҳамин замина вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир  Мирализода Абдусалом  барои фаъолияти пурсамари ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg