БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ ҶОМИ ҲХДТ” ҶАВОНОНРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ

Бо мақсади   баланд бардоштани маърифати фарҳангии наврасон, миёни ҷавонон  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб    мусобиқаи шоҳмотро барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”   баргузор намудааст, ки миёни  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  умумии шаҳр идома дошта, дар  арафаи “Рӯзи ҷавонон”   ҷамъбаст карда мешавад.

Дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №30-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор мусобиқаи шоҳмот баргузор гардида, иштирокчиён миёни ҳам рақобат карданд. Иштирокдорон дар вақти бозӣ тамоми  вуҷуди худро  ба бозӣ равона намуда, барои ба ғалаба шарафёб гардидан  талош варзиданд.

Дар рафти мусобиқа беҳтаринҳо муайян карда шуда, ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg