ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмин намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қубодиён Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маросими гусели 17 нафар наваскарон ба сафи Артиши миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса доир карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки ин даъват ҷавонони солҳои таваллуди 1993-2002 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар мегарданд. Даъвати баҳорӣ бо баргузории маросими “кулчагазон” дар ҳоле сурат гирифт, ки модарони қубодиёнӣ бо сад ҳавас кулчаҳои равғанину ширмоли пухтаи хешро ба фарзандони худ чашонда, ба онҳо хизмати содиқонаро ба халқу Ватан орзу карданд.
Сипас, раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак зикр кард, ки ҷавонони ватандӯсту бонангу номуси ноҳияи Қубодиён бо дарки масъулият ва ҳисси ифтихори милливу хештаншиносӣ ҳамеша барои иҷрои рисолати фарзандии хеш омода ҳастанд.
Дар охир барномаи консертии ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” идомабахши ин маърака гардида, наваскаронро бо сурудҳои дилнишини хеш гусел карданд.