БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДОРО ВАТАНДОРӢ БИОМӮЗ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани манфиатҳои миллӣ. Ҳифзи марзу буми кишвар қарзи виҷдонии ҳар як ватандору ватандӯст ба шумор рафта, аз ҳар як ҷавони худогоҳ матонату ҷасорат ва ҳимояи сарзамини аҷдодиро тақозо мекунад.

Ҳамасола санаи 1-уми апрел дар кишвар тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи даъватшаванда”, яъне даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  дар ин маъракаи муҳим бетараф набуда, баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагии диёр, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарёфти бештари ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.

Бо ин мақсад Саидов Некрӯз ҷавонест, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад. Баҳри ҳавасмандӣ дар деҳаи Чормағзаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов вохӯрӣ бо модарон баргузор гардида, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ модари Саидов Некрӯз қадрдонӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg