ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” ва утоқҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои безараргардонӣ аз ҷониби шуъбаи дизенфексия ва профилактикаи ноҳия гузаронида шуд.
Зимни гузаронидани чорабинии безараргардонӣ намояндагони ҳизбӣ бо варақаҳои таблиғотиву иттилоотӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиро ба шаҳрвандон дастрас намуда, дар масофаи дур бо онҳо суҳбат карданд. Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки то аз байн рафтани бемории сироятӣ аз салом кардан, иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд ва ба гигиенаи шахсӣ риоя кунанд. Инчунин, дар ин раванд дар назди даромадгоҳи идораву ҷойҳои ҷамъиятӣ овезаҳои огоҳикунанда оид ба риоияи гигиенаи шахсӣ насб карда шудааст.