
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш бо иштироки вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-палковник Шералӣ Мирзо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ва дигар шахсони даъватӣ бо сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ баргузор гардид.
Барои риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ин вирусе, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, масъулин корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, дар ин раванд аз љониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маводҳои таблиғотӣ барои тавсияву пешгирӣ аз сироятёбии ин бемории хатарнок ба иштирокчиён дастрас карда шуд, то ки аз ин тавсияҳо истифода бурда, худ ва наздиконашонро аз ин вирус эмин нигоҳ доранд.