БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИФОДАГАРИ ДАВЛАТ ВА ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ АСТ!

Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Орзу»-и  Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки Паёми имсолаи Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд. Дар фарҷом байни кормандони ҳизбӣ ва сокинон  оид ба масъалаҳои  болозикр  суолу ҷавобҳои мушаххас сурат гирифта, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки мо шаҳрвандон вазифадорем ҳар дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат  дода мешавад сари вақт иҷро намоем ва барои пешрафту ободии Ватанамон ҳиссагузорӣ кунем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg