БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО СОКИНОН СУДМАНД ДОИР ГАРДИД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №60 Исозода Фарҳод Чиллахон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Вализода Насрулло Мирзо ва Сабзаев Исломуддин бо аҳолии 5 деҳаи ҷамоати деҳоти мазкур, ки тақрибан 200 нафарро ташкил мекард, вохӯрӣ ороста шуд.

Дар мулоқот ба ҳозирин моҳияти хизмати ҷавонон дар сафи Артиши миллӣ ва роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст,  ҳаматарафа шарҳ дода шуда, аз ҷавонони синни даъватӣ ва сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи бузург буда, имрӯзҳо бо дастгирии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии мамлакат шароитҳои хуби замонавӣ барои сарбозону афсарон фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар идома таъкид гардид, ки оид ба пешгирии  бемории сироятии коронавирус гигиенаи шахсиро риоя карда, худ ва наздиконро аз бемории сироятӣ эмин нигоҳ  доранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg