АНДЕША. Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар воситаи ахбори оммаи ҷаҳонӣ зери таҳлилу баррасӣ қарор дорад, - бемории сироятии коронавирус мебошад.
Тамоми равандҳои фаъоле, ки бо фаъолияти ҳаётии вирусҳо ва афзоиши онҳо алоқаманданд, дар ҳуҷайраҳои хуҷаин (соҳиб-бемор) мегузаранд. Афзоиши вирусҳо аз ҳисоби захираҳои энергетикии заҳролудшудаи ҳуҷайра ба амал омада, се равандро дар бар мегирад: репликатсияи (дучандшавии) кислотаҳои нуклеинии вирусҳо, синтези сафедаҳои вирусӣ ва пайванд кардани ҳиссачаҳои онҳо. Тарзи муайяни дучандшавии геноми вирусӣ ва синтези сафедаҳои вирусӣ дар намудҳои гуногуни вирусҳо аз ҳам фарқ мекунанд.
COVID – 19 аз оилаи микроби Coronaviridai мебошад. То солҳои 60-уми асри ХХ танҳо сирояти «паранда» ҳисобида мешуд, ки ба узвҳои нафаскашии парандагон, сагҳо, гурбаҳо ва дигар ҳайвонот таъсир мерасонд. Ва танҳо баъдан маълум шуд, ки коронавирус низ метавонад дар бадани инсон ҷойгир шавад ва боиси бемориҳои роҳи нафас дар одамон гардад. Аз сабаби он, ки ваксинаи зидди сирояти он ҳанӯз ихтироъ карда нашудааст, он ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст.
Тибқи сарчашмаҳо ҳодисаҳои аввалини сироят аз COVID – 19 дар одамон соли 2012 дар Арабистони Саудӣ буд. Мутаассифона, марди сироятдидаи 60-сола вафот кард ва табибон ӯро наҷот дода натавонистанд. Ин ҳодиса ҳамон сол дар Қатар ба қайд гирифта шуд. Дар ниҳоят, пас аз тадқиқот маълум шуд, ки олимон бо штамми нави вирус рӯ ба рӯ буданд, ки ба илм номаълум буд.
Яке аз кишварҳое, ки аз коронавирус аз ҳама бештар зарар дидааст, Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Эпидемия дар он ҷо тобистони соли 2015 паҳн шуда буд. Тибқи иттилои вазорати тандурустии ин мамлакат, тақрибан 3 ҳазор шаҳрвандон дар карантин буданд. Ба ҳар ҳол, фавт аз сироят 40% -ро ташкил дод. Нафақахӯрон ва одамони дорои иммунитети заиф ба сироят бештар гирифтор шуда буданд.
Маълум гардидааст, ки роҳҳои сироят аз ин вирус асосан тавассути ҳавои нафаскашӣ ба амал омада, дар шахси сироятшуда ба монанди зукоми маъмулӣ мегузарад. Имконияти сироятшавӣ хеле баланд аст, хусусан агар бемор ҳангоми ба шахси солим наздик шудан бошад. Сулфидан ва нафаскашии ӯ бактерияҳоро дар масофаи хеле зиёд паҳн мекунад. Гаштугузори як шахси сироятшуда аз ин вирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад дар 50% ҳолатҳо ба сироятёбии одамони атроф сабабгор гардад. Муайян гардидааст, ки давраи инкубатсияи коронавирус дар одамон 7-14 рӯзро дар бар мегирад. Вирус метавонад ба пандемия табдил ёфта, мушкилоти глобалиро ба вуҷуд орад.
Доруе, ки метавонад коронавирусро дар инсон нобуд кунад, то ҳол ихтироъ карда нашудааст. Пешгирӣ намудан аз ин беморӣ пеш аз ҳама риоя намудан ба гигиенаи шахсӣ ва шӯстани ковокиҳои бинӣ барои тоза кардани луоб иборат аст, ки дар он патогенҳо зиёд мешаванд.
Дар кишвари мо барои муҳофизати шаҳрвандон аз ин вирусҳои хатарнок тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Якум, назорати санитарӣ ба сатҳи ҳадди аксар мустаҳкам карда шуд. Дуюм, барои пешгирӣ кардани коронавируси COVID – 19 дар одамон аломатҳои аз ҳар гуна шамолхӯриҳо ва зуком хеле бодиққат санҷида мешаванд. Табибон беморони гирифтори сироятҳои шадиди роҳи нафасро барои назорати махсус бурда, доимо ҳолати онҳо ва ҷараёни беморро таҳлил мекунанд. Сеюм, ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар тавсия дода шудааст, ки аз сафар ба давлатҳои хориҷи дуру-наздик, ки дар онҷо эпидемия ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ кунанд.
Табибон ба одамоне, ки мехоҳанд сироятро пешгирӣ кунанд, тавсия медиҳанд, ки қоидаҳои гигиенаро бодиққат риоя кунанд, Ҳангоми шӯстани дастон аз собуни моеъгии антисептикҷ истифода баред. Агар имконпазир бошад, аз ҷойҳое, ки шумораи зиёди одамон дар он ҷо ҷамъ омадаанд, дурӣ ҷӯед. Сироят аз коронавирус мисли зукоми муқаррарӣ дар одамон сар мешавад.
Танҳо табиб метавонад мавҷудият ё набудани сирояти баданро муайян кунад. Агар шумо як каме дар худ нороҳатиро ҳис кунед, фавран ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат кунед. Ниқобҳо ва рӯймолҳои муҳофизатиро истифода бурдан зарур аст, то ба кормандон зарар нарасад. Ҳама тавсияҳои табибонро иҷро намудан ва дастурҳои онҳоро дақиқ риоя кардан ҳатмҷ мебошад. Дар хотир доред, ки пешгирии коронавирус нисбат ба ҳама гуна табобат самараноктар аст. Аз ин рӯ, худро эҳтиёт кунед ва саломат бошед.
Охирин тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои пешгирӣ аз COVID – 19 инҳоянд:
1. COVID - 19аз пӯсти солим намегузарад ва то 10 дақиқа рӯи пӯст зинда боқӣ мемонад. Пас, агар дастпӯш надоред, нигарон набошед. Фақат набояд дастҳои худро ба бинӣ ва даҳонатон бизанед ва лутфан пайваста дастҳоятонро бо собун ва оби гарм бишӯед. Барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон метавонед аз крем ва вазелин истифода кунед.
2. COVID – 19 дар рӯи матоъ аз 6 то 12 соат, дар рӯи ашёи филизӣ аз 12 то 20 cоат ва дар рӯи пӯлод то 20 соат зинда мемонад.
3. Короновирус бо оби гарм ва маводи шӯяндаи хонагӣ аз байн меравад.
4. Либосҳоро зери нури офтоб ё рӯи гармкунакҳо хушк кунед.
6. Бо оби гарм ҳаммом кунед.
5. Ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред. Оби гарм, чойи гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм бинӯшед.
6. Ҷойи ҷамъшавии аслии ин вирус дар бинӣ аст, пас мураттаб биниатонро бо оби гарм шӯстушӯ кунед.
7. Кӯшиш кунед ҳавои маҳалли зиндагӣ ва коратон тоза бошад.
8. Агар берун аз хона ба кор, мағоза, бозор ва ғайра меравед: - аввалан, фосилаи 1,5 метрӣ аз дигаронро риоя кунед; - дувум, ба сабаби ин ки ин вирус сангин аст (ҳудуди 400 то 500 нонометр) ва ба замин меафтад, кафшҳоятон манбаи муҳими олудагӣ ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро дохили хона наоред, доим онҳоро тоза кунед.
9. Вақти атса задан то ҷое, ки имкон дорад, аз дигарон фосила гиред ва бо дастмол пеши даҳон ва бинии худро пӯшед ва барои чанд сония онро раҳо накунед, то тамоми моеъот ба он ҷазб шавад ва пароканда нагардад.
10. Агар шуғли шумо дар фазои серодам аст, лутфан, аз ниқоб истифода кунед, зеро ба иллати дурушт будани ин вирус он аз ниқоб намегузарад. Вале доим ниқобро бояд хушк нигоҳ дошт. Яъне, онро зуд-зуд бояд иваз кард. Хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус пайдо нашудааст.
Файзализода Содиқ Файзалӣ, роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар