БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Субҳи 1 апрели соли ҷорӣ шаҳри Норак қабои идона ба бар намуда буд. Дар ин рӯз 60 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ, ихтиёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳсипор гардиданд. Ҷавонони  ватандӯсту қавииродаро сокинони бо нангу номуси шаҳр бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд. Даъватшавандаҳо бо чеҳраи болида, ифтихор аз Ватану  миллат бар ба бари ҳам саф кашида буданд. Дар ин чорабинии мутантан  раиси шаҳри Норак  Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо, собиқадорони ҳизбу меҳнат, волидайн ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.  

Неъматзода Маликшо зимни суханронӣ оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, вобаста ба мақоми ҳомиёни Ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии мардуми ҷумҳурӣ, беҳдошти вазъи хизмати сарбозон сухан ронда, эҳсоси фараҳмандӣ намуд, ки ҷавонони имрӯза ба ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии Ватан-Модар сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо меоранд. Хизмати Ватан-Модар, ҳимояи марзу буми кишвар рисолати азалии ҳар як ҷавонмард ба шумор меравад.

Таърих гувоҳ аст, ки ҷавонмардони бонангу номуси миллат тӯли ҳазорсолаҳо бо шуҷоату далерӣ, азму талош Ватани хешро аз истилогарони аҷнабӣ муҳофизат намуданд. Чуноне, ки таъкид гардид, заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳар давру замон артиш буд ва ин рисолати артиш минбаъд низ боқӣ мемонад. Хизмат дар сафи артиш, ҳимояи марзу буми Ватан-Модар низ ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди баору номус ва ватандор буд ва ин рисолат то абад мемонад. Дар ҷамъомад сарбозон, даъватшавандагон ва волидайни онҳо баромад намуда, хизмати Ватан-Модарро қарзи ҳар як фарди бонангу номус арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар ин ҷода саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Инчунин, дар идомаи суханрониҳо  аз хизматҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати такмилу тақвият ёфтани Артиши миллӣ ва марҳила ба марҳила устувору қавитар гардонидани он ва бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаи муқтадир таъмин гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда шуд. Сипас, барномаи консертии ҳунармандони шаҳри Норак бахшида ба «Рӯзи даъватшаванда» ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҷамъомадагон карда шуд. Бо дуои пирони рӯзгордида ва волидайн наваскарон ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg