БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Ҷ. БАЛХӢ.    Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хуррам»-и  Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Вобаста ба масъалаи вохӯрӣ масъулин дар бораи  самтҳои афзалиятноки Паёми навбатӣ ва Барномаи  ҲХДТ барои солҳои 2020-2021 андешаҳои хешро баён карда, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ- рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсатӣ босубот мебошад. Барномаи ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян месозад. Дар охир  саволҳои аз ҷониби иштирокчиён додашуда, аз ҷониби маъулинн ҷавобҳои саҳеҳ гардонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg