БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВИРУСИ ТОҶДОР-COVID-2019

АНДЕША. Ин бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, бо тариқи сироятёбии роҳҳои нафас ба монанди илтиҳоби луобпардаи бинӣ ва узвҳои ҳозима бо аломатҳои илтиҳоби шадиди меъдаю рӯдаҳо ва илтиҳоби шадиди шуш зоҳир мегардад. Барангезандаи бемориро якумин маротиба олим Д. Тирелдар соли 1965 аз беморе, ки бо гирифтори ринити шадид буд, дарёфт намудааст. Бадтар олимон Э. Каул ва С. Кларк соли 1975 аз наҷосати кӯдаки бемор ин вирусро дарёфт намуданд.

Сабаби беморӣ-  барангезандаи бемории вируси РНК-дор буда, ба оилаи коронавиридей мансуб мебошад. Сохти ин намуд вирус  бо ҷомаи чанқабатаи суперкапсид пӯшонида шудааст. Дар қабати болоии он дастони гликопротеини пӯшонида шудааст ва гарданаки борики доирашакл бо сараки нокмонанд ба мисли тољ мебошад. Аз ин ҷо номи ин вирус вируси тоҷдор мебошад. Сохти антигении ин вирус  мураккаб буда, на танҳо ба инсон, балки ба ҳайвонҳо низ таъсир мерасонад. Чор намуди сохти антигенӣ мавҷуд мебошад. Компонентҳои антигении вирус дар қисми болоии тољ ҷойгир мебошад. Вирус дар муҳити зист ноустувор буда, бо таъсири эфир ва маҳлули хлороформ  зуд нобуд мегардад. Бо таъсири нурҳои офтоб ва ҳарорати баланди 56 С ва дар дараҷаи 37С дар муддати 10-15 дақиқа нобуд мегардад. Вируси тољдор дар ҳавои  сард устувор мебошад.

Эпидемиология-манбаи сироят инсони бемор ва бемориро аз саргузаронида мебошад.  Роҳҳои гузариши ин беморӣ: 1. Ҳавоӣ- қатрагӣ; 2. Алоқамандӣ бо беморон.

Патогенез (равиши беморӣ)-роҳҳои даромади ин вирусҳо пардаҳои луобии роҳҳои қисми болои нафаскашӣ, луоб пардаи чашмон ва даҳон мебошад.

Аломатҳои клиникии беморӣ- давраи ниҳонии бемори кӯтоҳ буда, асосан 2-3 рӯзро ва дар баъзе ҳолатҳо то  ба 14 рӯзро дар бар мегирад. Ҳангоми сироятёбӣ бо роҳҳои ҳавогӣ ва қатрагӣ нишонаҳои илтиҳоби луоб пардаи бинӣ (ринит) бо рафтани луоб аз бинӣ дида мешавад. Нишонаҳои заҳролудшавии бадан ба монанди беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, дарди гулу, атсазании зиёд, баландшавии ҳарорати бадан то39-40С. Ин ҳолат то 5 рӯз давом мекунад. Шахсоне, ки гирифтори бемории диабети қанд, бемориҳои музмини роҳи нафаскашӣ ва шахсони  бо паст будани масъунияти бадан,  нишонаҳои илтиҳоби шадиди шушҳо (пневмония) дида мешавад. Бо аломатҳои сулфаи хушк, дард дар кафаси сина, нафастангӣ, ҷарён мегирад. Ҳангоми муоина намудан варамшавии гиреҳҳои лимфатикии гардан, илтиҳоби шадиди ҳалкум ва ҳиросҳои хушки овоздор шунида мешавад.  Гоҳ-гоҳе ба монанди илтиҳоби шадиди меъда ва рӯдаҳо ҷараён мегирад.

Ташхисгузорӣ- 1. Собиқаи беморӣ.

2. Гирифтани олоиш аз ковокии бинӣ ва даҳон.

3. Ёфтани антителаҳо дар хуни бемор.

4. Таҳлилҳои ИФА.

Муқоисаи беморӣ-1 ҷудо намудан аз ҳама гуна бемориҳо бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафаскашӣ.

2.Аз бемориҳои бактириалӣ ва вируси меъда ва рӯдаҳо.

Оризаҳои беморӣ -1 Бронхити шадид.

2. Илтиҳоби шадиди шушҳо(пневмония).

3.Норасогии нафаскашӣ ( қатъ гардидани нафаскашӣ).

Табобати беморӣ 1. Табобат аз рӯи аломатҳои беморӣ.

2.Табобати зидди вируси Фавипиравиртаб, индиновир, саквиновир. Арбидол, Интерферон, сиклоферон.

3. Дар ҳолати норасогии нафаскашӣ - гузаронидан ба нафаскашии сунъӣ (ИВЛ).

Дар ин беморӣ  истифода намудани ҳар гуна антибиотикҳо ба ғайр аз ҳолатҳои алоҳида мувофиқи мақсад нест.

Пешгирии беморӣ:

1.Худдорӣ намудан аз сафар.

2.Риояи гигенаи шахсии дастон.

3.Истифода намудани никобҳои яккарата:

4.Зуд- зуд тоза намудани ҳавои хона ва утоқҳои корӣ:

5. Риоя намудани қоидаҳои термикӣ ва тайёр намудани хӯрокҳо.

6. Истифода кадани маҳлулҳои безараргардонӣ, ба монади хлор, спирти этилӣ, собуни моеъгии антисептикӣ.

Вируси тоҷдор  дар моҳи декабри 2019 дар шаҳри Ухани музофоти Хубейи Ҷумҳурии мардуми Чин  ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона имрӯзҳо дар шаҳри Хубей сокинон ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.

Аз ин хушбахтаринаш дар он аст, ки то ҳол дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон сироятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст. Сокинони кишварро лозим аст, ки бо мақсади ҳимоя намудани саломатии худ ва дигарон ба тавсияҳои мутахассисони соҳаи тибб амал намоянд. Зеро яке аз сабабҳое, ки боиси паст шудани сироятёбии миёни сокинони Чин гардид,  дар он аст, ки онҳо ба қоидаҳои тавсиянамудаи табибон риоя карданд. Пас моро лозим аст, ки аз кишвари ҳамсоя ва сокинони он сабақ гирему саломатии худу атрофиён ва наздиконамонро ҳифз намоем.

Ҳамзамон, аз ҳамватанони азиз  даъват менамоям, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасосе, ки тариқи интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма паҳн мешаванд, бовар накарда, ба хабарҳои расмие, ки муассисаву корхонаҳои дахлдор паҳн мекунанд, сару кор гиранд.

Кассиров Ҳафизулло, муовини роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg