БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДИВУ НАШЪАҶАЛЛОБӢ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ОЛАМИ БАШАР АСТ

АНДЕША. Нашъамандиву нашъаљаллобӣ танҳо мушкилии як кишвар нест. Ин масъала имрӯз ба мушкилоти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон аъзои Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, барои бунёди ҷомеаи солим чандин созишнома ва протоколи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба имзо расонидааст, то ки доираи ҳамкориҳо бештар шавад. Мусаллам аст, ки шахси нашъаманд бемор асту узви ин ҷомеа ва дар байни мо зиндагӣ дорад ва ӯро ҷомеа бояд табобат кунад, то ба дигарон сироят накунад. Вақти  он расидааст, ки бояд дастаҷамъона алайҳӣ нашъаву нашъамандӣ муборизаро дар байни ҷомеаи кишвар пурзӯр намоем. Сабаб дар чист, ки инсоният рӯ ба нашъаљаллобиву нашъамандӣ меорад? Бемории нашъамандӣ чандин омил дорад. Ин омилҳоро ба 2 гурӯҳ-объективӣ ва субъективӣ тақсим мекунем. Якум, таъсири муҳит ва омили субъективии хислати инсон аст. Аксари мубталоёни ин навъи беморӣ ё гумроҳ дар синнӣ 14-18 солагӣ гирифтори ин маризҷ мешаванд. Волидайн сари вақт наметавонад фарзанди хешро пешгирӣ кунад ва аз роҳӣ бад баргардонад. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки нашъаҷаллобон ва шахсони нашъаманд кӯшишу талош меварзанд, ки бозори нашъаро гарм созанд. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки барои фарзандонашон дар вақтҳои  холигӣ бо онҳо ба варзиш ё ихтироту навоварӣ машғул гардад, то неруи ҷавонон ба корҳои созандагӣ сарф шавад. Дар амалӣ сохтани барномаи мубориза алайҳӣ нашъамандӣ ҳама қишрҳои ҷомеа бояд фаъолона мубориза баранд. Ба хусус, ходимони дин бо истифода аз аҳкоми шариати ислом баҳри солим ва беҳдошти ҷисму рӯҳи инсон, ки яке аз омилҳои пешрафти ҳар як ҷомеа ба шумор меравад, бояд назари хешро иброз дошта бошанд ва ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум саҳм бигиранд. Зеро ки дини муқаддаси Ислом аст, ки 1400 сол муқаддам маводи мадҳушкунанда ва тиракунандаи ақлро ҳаром ҳукм карда буд. Дар сураи Зумар ояти 53 омадааст: «Бигӯ, эй бандагони ман, бар худ аз ҳад таҷовуз кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед! Ҳар оина Худо ҳамаи гуноҳонро як ҷо меомӯзад: ба рости, ки ӯ ҳамоно омӯзгори меҳрубон аст». Яъне, ин гуфтаҳо исботи онанд, ки ҳар нафаре фирефта шудаву роҳи хаторо дар ҳаёти худ интихоб намуда ва пас аз дарки он аз карда пушаймон гаштаву аз амалӣ худ даст кашида, тавба намояд, Худованд гуноҳҳояшро меомӯрзад ва мебахшад». Дар дини мубини Ислом ҳама он амалҳое, ки бар зарари инсон асту таъсири манфӣ мерасонад, вобаста ба таъсирашон ҳаром дониста мешавад. Дар Қуръони Карим, дар ояти 88-и сураи моида омадааст, ки: «Ҳар чизи ҳалолу покизае, ки ба шумо рӯзи додааст  ва аз он чизе, ки шумо имон овардаед, амал кунед ва он чизе, ки Худованд манъ кардааст, парҳез кунед» ва доир ба маводи мухаддир ва зиёни он, дар ҳамин сура омадааст: «Эй муъминон! дурӣ ҷӯед, аз ҳаром ва қимор ва аз амалҳои ботил». Он чизе, ки масткунанда асту ақли инсонро мекоҳонад ва имонро заиф мегардонад ва ба амалҳои ношоиста даст мезанад, Худованди Карим амр кардааст, ки ин амалҳо кирдори шайтон аст ва аз он канорҷӯӣ кунед.

Нишонаҳои бемории нашъамандӣ.

 

Заҳролудшавӣ аз маводи мухаддир якчанд намуд аст. Худи маводи нашъаовар ба чанд навъ тақсим мешавад. Яке аз навъӣ он  хотира ва зеҳни инсонро комилан заиф мегардонад, навъӣ дигари он одамро куллан мадҳуш месозад. Зарари асосии маводи нашъаовар хароб кардани асаб ё мағзи сари одам аст. Зиёни дигар банд ё маҳкам шудани узвҳои нафаскашии инсон аст. Ҳамин тариқ яке аз сабабҳо, ба монанди кунҷкобӣ, майли эҳсосҳои нав, тарзи аз «гурӯҳ» берун мондан, кӯшиши гурехтан аз ҳаёти воқеӣ наврасонро ба истифодаи маводи мухаддир водор менамояд. Аксари вақт онҳо намефаҳманд, ки истифодаи маводи мухаддир шӯхӣ набуда, бемории ҷиддиест, ки халосӣ аз он ба марғ ё ин, ки душвор ва гоҳо имконнопазир аст. Организми инсон ба маводи мухаддир чунон одат мекунад, ки ӯ дигар бе истифодаи он зиндагӣ карда наметавонад, дар истеъмоли навбатӣ барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ва зиёд кардани миқдори он даст мезанад. Қатъ намудани истеъмоли маводи мухаддир боиси пайдоиши ҳолати пуразоб мегардад, ки он «хумор» ном гирифта, рагкашӣ, дардҳои шадиди мушакҳо, дилбеҳазуршавӣ, дарди шикам дарунравӣ ва ғайра мебошад. Тамоми фикру мақсад ва орзуи нашъманд ба чӣ тавр дастрас кардан ва истеъмол намудани маводи мухаддир равона мегардад. Ҳамин тавр, инсон ҳам ҷисман ва ҳам фикран ғуломи маводи мухаддир мешавад.

 

ДИҚҚАТ  ВОЛИДОНИ  МУҲТАРАМ!

Ҳангоми дар ноболиғон мушоҳида ё пайдо шудани:

-   ягон хел  хока ва ё маҳлул; 

- асбобҳои барои гузаронидани сӯзандору пешбинишуда (сӯзанҳо, сӯзандору, бандҳои резинӣ, пайи куҳнашуда ва ё навӣ сӯзандору дар аъзои бадан);

-   бӯи махсусе, ки бо ҳавои даҳон ё аз мӯй, пӯст ва либос хориҷ мешавад;

-   асбобҳое, ки барои коркарди растаниҳои нашъаовар истифода мешаванд;

-   тағйир ёфтани рафтор ва симои зоҳирӣ ба тарафи манфӣ;

-  амалҳои хумор;

Пеш аз ҳама бо ӯ кушоду равшан гуфтугӯ кунед. Агар Шумо боварӣ ҳосил намоед, ки писар ё духтаратон маводи муҳаддирро истеъмол менамояд, ҳатман ба мутахассис муроҷиат намоед. Хулоса, сабабу омилҳо зиёд аст. Чӣ бояд кард, ки омилҳои гирифтори ба маводи нашъаовар пешгирӣ карда шавад? Дар мактабҳои миёна низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, як қатор чорабиниҳо гузаронида мешавад.

 

РОҲҲОИ  ПЕШГИРӢ АЗ НАШЪАМАНДӢ:

Пеш аз ҳама, дар миёни мактаббачагон дарсҳои кушод дар хусусӣ зарару оқибатҳои нашъамандӣ гузаронида шавад. Ба волидон тавсия дода шавад.

1. Аз фарзандонатон бохабар бошед;

2. Бо мушкилоти онҳо шинос шуда, атрофиёнашро донед ва аз гузаронидани вақти холии онҳо огоҳ бошед.

3. Дар фарзандони худ ирода ва ҳадафнокиро тарбия намуда, аз хурдӣ меҳнатро омӯзонед. (Дар хотир доред: кӯдак ҳарчи қадар калонтар гардад, вазифаи ӯ дар корҳои манзил бояд ҳамон қадар зиёдтар гардад);

4. Шавқи ба варзиш доштани кӯдаки худро дасгирӣ намоед;

5. Фарзандонатонро дар машғулиятҳои дӯстоштаатон ҳамроҳ гиред, масалан дар моҳидорӣ, саёҳат, мошинтаъмиркунӣ ва ба монанди инҳо.

6. Барои машғулиятҳои дӯстдоштаи фарзанди навраси худ, аз қабили машғулиятҳои техникӣ, забономӯзӣ ва сурату наворбардорӣ, компютер, расмкашӣ ва сурудхонӣ шароит фароҳам оред. Пеш аз он, ки ба кори дӯсдоштаи фарзанди худ бо сабабҳои камбудии молиявӣ, набудани вақт ва ё хоҳиш рад мекунед, фикр кунед, ки дар оянда ҳангоми интихоби касб дониш ва малакаи ӯ лозим хоҳад шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, соли 1999 Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро қабул кард. Қадами ҷиддии дигар дар ин самт ба имзо расонидани Фармони Президенти кишвар «Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор» аст, ки аз 1 апрели соли 2004 ба имзо расидааст ва аз 26 декабри соли 2013 лоиҳаи навӣ чорабиниҳои пешгирӣ аз сӯйистеъмоли маводи нашъадор барои солҳои 2013-2020-ум қабул карда шуд. Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчӣ ва амалкунандаи конвенсияҳои Созмони Миллали Мутаҳид дар самти назорати маводи нашъаовар буда, чорабиниҳои дар конвенсияҳои мазкур нишондодаро иҷро менамояд. Стратегияи самтҳои асосии сиёсати давлатии зидди мухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бунёдӣ оид ба нақшагирии чораҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати асосии ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мо марҳилаи аввали пешгирии нашъамандиро гузаштем. Омӯзиши афкори умумӣ нишон медиҳад, ки сатҳи маърифатнокии мардум оид ба оқибатҳои ҳуқуқӣ ва тиббию иҷтимоии муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар хеле боло рафтааст.     

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg