БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИБОСИ МИЛЛӢ МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ

 Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон мероси ғании таърихи   фарҳангӣ   ва захираҳои табииро доро мебошад, ки барои рушди ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам   хориҷӣ мусоидат менамояд. Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба зербинои соҳа солҳои 2019-2021–ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, хориқаи иқтисодии садсола эътироф гардидааст. Бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бахши сайёҳии Точикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.

Имрӯзҳо баъзе аз ҷавонони кишварҳои дунё, аз ҷумла ҷавонони тоҷик ба пӯшидани либосҳои ба фарҳанги тоҷик хоснабуда, яъне ба бегонапарастӣ машғуланд, ки он боиси таассуф мебошад.

  • миллӣ муаррифгари миллат, нишон аз фарҳангдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии тамаддуни ҳар қавм аст. Мо ҷавононро зарур аст, ки фарҳанги миллии худро ҳифз намоем, пайравӣ аз суннатҳои чандҳазорсолаи миллати худ кунем, либоси миллии худро дар кишвари худ ва берун аз он тарғиб намоем ва зебоипарастиву рушди ҳунарҳои мардумиро минбаъд дигарон талқин намоем. миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст.

Чакан либосест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Либоси чакан, асосан, ду категория дорад ва онро бештар дар қисми ҷанубии Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Чакан либоси духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва он метавонад номи «попурӣ»-ро низ гирад. Либоси чаканро асосан бо риштаҳои ранга медӯзанд.

Атлас яке аз либоси занони тоҷик буда, дар муқоиса бо куртаи чакан муосиртар буда, либосҳои замонавии духтарони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аксари духтарони тоҷик либоси атласро бо тоқӣ ва камзӯл ба бар менамоняд. Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро мемонад, ифода         гари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд.

Гулдӯзӣ бошад яке аз муассиртарин шаклҳои либоси миллӣ ба ҳисоб меравад. Он, асосан, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миёни ҳаводорону мухлисони худ муаррифӣ шуд. Ин либос низ яке аз зеботарин либосҳои духтари тоҷик ба ҳисоб меравад.

Давоми ду даҳсолаи охир ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ,кашидадӯзӣ, кандакорӣ,заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар суннатҳои миллии қадима ба тарзу услуби нав эҳё шуданд.

Ибронзода Фарзона, узви ТҶҶ “Созндагони Ватан” донишҷӯи курси 3. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи    Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg