Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Сафарбар намудани хайру сахо ба ятимону ниёзмандон, шахсони барҷомонда, яккаву танҳо яке аз амалҳои неки инсонӣ ба ҳисоб рафта, дар ин росто пайваста аз ҷониби шахсони хайрхоҳу саховатпеша кумаку дастгириҳо ба табақаи ниёзманди ҷомеа расонида мешавад. Вобаста ба ин дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаи эҳтиёҷманд, сокини деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав Сафарова Қумрӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аёдат карда шуда, як миқдор кумаки моддӣ расонида шуд.