ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Левакант Нигматов Ҷумахон ба 10 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, шахсони яккаву танҳо кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Ин иқдоми инсондӯстонаро ниёзмандон давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, миннатдории хешро ба шахси саховатпеша ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб изҳор доштанд.