КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор таҷлил кардани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ташкилоти ибтидоии "Ваҳдат"-и шаҳри Кӯлоб дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” шанбегӣ доир карда шуд.
Шанбегӣ барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи биноҳои корӣ сурат гирифта, дар он кормандони ташкилоти ибтидоии мазкур фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарму мулоим ва ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд, ки ин ободкориҳо аз масъулияти баланди сокинон шаҳодат медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи кӯчаю маҳаллаҳо пайваста корҳои ободонӣ роҳандозӣ шуда истодааст.