КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур масъулин оид ба дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат нисбати ҷавонон суханронӣ намуда, ёдрас шуданд, ки Пешвои миллат гуфтааст: “Мо бояд дар оянда низ ба таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем. Дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”.
Инчунин, дар идомаи суҳбат дар бораи хатарҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ карда шуд.