ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Молия” ба 2 нафар хонандагони болаёқати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 Идиева Сангиной хонандаи синфи 10-ум ва Ҷунайдова Нозия хонандаи синфи 5-ум ҳамин муассиса идрорпулии ҳизбӣ супорида шуд. Наврасон аз иқдоми неки ҳизбиён руҳбаланд гардида, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда бо баҳои хубу аъло муассисаҳои миёнаву олиро хатм карда, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат менамоянд.