КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои барномаи 1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи сироятӣ"-и шаҳри Кӯлоб шанбегӣ доир карда шуд.
Дар ин рӯз аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҷиҳати рушду ободонии маҳали худ ба ҳашари умумӣ баромада, атрофи коргоҳи худро тозаю озода намуданд.
Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ бо маром идома доранд.