
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дастгирии шахсони ниёзманд дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ иқдомҳои хайриявӣ анҷом дода мешавад. Ин навбат бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи чашм” ба оилаи ниёзманди ҷомеа кумаки молиявӣ расонида шуд. Зимни роҳандозии Аксияи ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок дошта, баъди анҷоми ташаббуси ватандӯстона оилаи ниёзманд минатдории худро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.