
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба муносибати сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Донашикан”-и ноҳияи Дӯстӣ корҳои равшаннамоиро ҷоннок намуда, дар деҳаи худ зиёда аз 30 адад симчӯбҳои барқиро насб карданд, ки ин аз масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокини деҳа дарак медиҳад.
Дар рафти корҳои ободонӣ кормандони масъули ҳизбӣ иштирок дошта,барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.