БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ПАЙҒОМИ НАВРӮЗӢ» ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида  Наврӯзи  байналмилалӣ  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  ҳамбастагӣ  бо   бахши  намояндагии  ТҶҶ «Созандагони  Ватан»  Аксияи  ҳизбии «Пайғоми  навӯзӣ»-ро  баргузор  намуда,  бо  иштироки гурӯҳи  ҷавонон, либосҳои миллии  чакану попури ба бар, дар даст таблаку доира  сурудхонон ба ташкилоту  муассисаҳои  ноҳия   ворид шуда, пайғоми  наврӯзӣ,  аз  ҷумла     суманак  ва   сабзаи  гандум, ки  рамзи  Наврӯз  мебошад,   тақдим  карда, шеърҳо  дар васфи  Наврӯз  қироат  карданд.       

Раиси Кумитаи  иҷроия  Ализода  Сурайё  кормандони  ташкилоту  муассисаҳоро бо  фарорасии  Иди  байналмилалии Наврӯз  табрик  намуда, пайғоми  Наврӯзии  ҳизбиёнро  ба  онҳо тақдим  намуд.

Роҳандозии Аксияи  мазкур ба хотири эҳёи анъанаҳои неки ниёгон,   баланд  бардоштани  маърифати фарҳангии  ҷавонон ва  ҷалби  онҳо  дар  бунёди  ҷомеаи  шаҳрвандӣ,  ойину  ҷашнҳои  миллӣ доир карда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg