БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МИРАЛИЁН ҚИЁМИДДИН АБДУСАЛИМЗОДА

       Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки  ҷашни аҷдодии мо – Наврӯзи хуҷастапай, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта,  дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

       Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисозӣ  ба  мерос гирифтаем.

      Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.   

     Сабаби пазироии ин ҷашн аз тарафи қавму қабила ва халқҳои гуногуни ҷаҳон дар он аст, ки Наврӯз дар гузашта ва ҳам дар замони муосир ҷашни бедории табиат, баробарии шабу рӯз, равобити дӯстона ва ҳамзистии мусолиматомези қавму миллатҳои гуногун ҷаҳони мутамаддинро таҷассум месохт.

        Шумо – ҳамсафони азиз ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз самимона муборак гуфта, ба хонадонатон хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгорро таманно менамоем.

                     Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,

                         Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg