БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОНАШРО ҲАМЕША ЭЪТИРОФ ВА ҲИФЗ МЕНАМОЯД!

ВОКУНИШ. Бо хондан ва тамошои наворҳои  риққатовари душманони миллат, ки тайи  чанд рӯзи охир дар шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла дар саҳифаҳои «Ахбор.ком » пахш намудаанд, ҳар як фарди худогоҳу хештаншиносро  бетараф гузошта наметавонад.

Мо низ ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон  ин ҷо   хостем, ки чанде аз фикру  андешаҳои  худро перомуни   вазъи ҳуқуқи инсон ва талошҳои Тоҷикистон дар ин масир барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон иброз дошта бошем.

Аввалан ин ки асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  ташкил дода,  рушду инкишофи давлату ҳукумати кишвар ва пеш аз ҳама арзиши олӣ унвон доштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар асоси  ин пояҳо сабзида истодааст. Мо шаҳрвандони кишвар аз он фахр менамоем, ки рӯз то рӯз, зина ба зина ҷумҳурии  азизамон ба марҳилаҳои нави рушд наздик омада, низоми демократӣ, аз ҷумла ошкорбаёнӣ ва болоравии  қадру манзалати шаҳрвандонамон  таъмин  гардида истодааст.      

Новобаста аз бадгӯиву бадандешии душманони давлату миллатамон  амну осоиштагии саросарӣ  пойдору мустаҳкам гардида,  Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ дар қатори давлатҳои осоишта  аз рӯйи назарсанҷиҳои рейтингӣ ҷои 2-юмро ишғол менамояд. Ин пешравиҳо пеш аз ҳама   самараи сиёсати дурусти ба роҳ мондаи  Ҳукумати кишвар зери роҳбарии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз дигар тараф мардуми кишвар ин сиёсатро амиқан дарк намуда, ҷиҳати  расидан ба зиндагии шоиста ва дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат  бо донишу неруи тавонои хеш ҷаҳду талош варзида истодаанд.

Таҷрибаи ҷаҳони муосир ва таърих гувоҳ бар он аст, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар як навбат таъсири бади худро  ба пешравии аксарияти давлатҳои ҷаҳон расонида истода, роҳи минбаъдаи онҳоро дар ҷодаи рушду таназзул муайян менамояд.  Сармояи ширкатҳои бузург  бо ташкил ва таҳрики инқилобҳои ранга  ва роҳандозии нигилизми сиёсию низоҳои нарм дар байни ҷомеа сарҳади давлатҳоро убур намуда, баҳри манфиат бурдан  ҷӯёи ҳар  роҳу усулҳои мувофиқ  ҳастанд. Ва ин гурӯҳҳои кӯчаки мухолифини дилхоҳ давлатҳо барои чунин бозингарони  манфиатҷӯ лухтаки сари дастианд, ки дар фармони онҳо қарор доранду  тибқи дастуру супоришҳои онҳо амал менамоянд.

Бадбахтона мухолифини давлату миллати мо,  манзурамон  аъзо ва пайравони  ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ, гурӯҳи 24 ва дигар хоиноне, ки дар дохили кишвар  чеҳраҳои манфуронаи онҳо назди халқ фош гашта,  имрӯзҳо аз хориҷи кишвар мехоҳанд бо ҳар роҳу васила, ба қавле худро чун моҳие аз об соф бароварда , монеи пешравии Тоҷикистон гарданд.

Аммо, хушбахтона мардуми сарбаланди тоҷик аллакай аз мақсаду мароми онҳо пайхасанду дубора намехоҳанд, ки бо ин асолатбохтагон рӯ ба рӯ шаванд. Лекин новобаста бо ҳамаи ин кирдорҳои зишташон  дар Тоҷикистон ҷоришавии  демократияи бо усули ғарбиро интизоранду  чунин низомро дар кишвар аз ташкилотҳои байналмилалӣ ва абарқудратҳо  талабгоранд.

Демократияеро хостгоранд, ки мо самарашқро дар давлатҳои Ховари Миёна- Сурия, Ироқ ва Либияи арабу давлати исломии Афғонистон мушоҳида намуда истодаем. Низоъю кашмакашиҳои дохилӣ, одамкушӣ, ғоратгарӣ, оворагӣ ва бехонумонии мардум ва амсоли инҳо нишонаҳои аслии демократия бо усули ғарбӣ мебошанд.

Ин асолатбохтагон чунин вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар низоми  демократияе, ки фарзанд модарашро дар байни анбӯҳи мардум ошкоро месӯзонаду мекушад ва рисолати фарзандиашро бо кирдорҳои ғайриинсонӣ ба ҷаҳониён намоиш медиҳад дар Тоҷикистон дидан мехоҳанд.

Мутаассифона, хоинони давлат вазъи ҳуқукии шаҳрвандони Тоҷикистонро дар зери сояи демократияи бо усули ғарбӣ хостгоранд, аммо миллати сарбаланди тоҷик як бор ин марҳиларо паси сар намудааст ва дигарбора онро дидан намехоҳаду намегузорад, ки чунин ҳолат  дигарбора  баргардад.

Чунин назаргузорӣ  аз зери нохун чирк баровардани аъзо ва тарафдорони сарсахти гурӯҳҳои мухолифи давлат ва ҳукумат аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ хостгори пешрафти кишвари мо нестанд. Ташрифи    беш аз 1,5 миллион нафар сайёҳи хориҷӣ, ки дар соли 2019 ба кишвар ташриф оварданд, бозгӯи он аст, ки вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвар дар сатҳи олист ва ягон мушкилот дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Дуруст аст, ки вақте ҷиноят содир мешавад, бояд  ҷинояткор дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Хуб мебуд, ки гурӯҳҳои манфиатдор аз сафсатаву дуруғбофӣ даст кашида, назди ҳақиқату миллати сарбаланди тоҷик  сар  фуруд меоварданд!

Имрӯзҳо миллати тоҷик дар зери сояи сулҳу ваҳдат оромона умр ба сар бурда истода, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонаш дар ҳолати хуб қарор дорад. Новобаста аз бадгӯию бадандешии хоинону душманон, Тоҷикистон ҳамаҷониба рушд намуда, сиёсати дарҳои кушодаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар доираи талаботи қонуни асосии кишвар  пеш бурда истодааст.

 

Абдуҷаббор Неъматов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg