
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гӯшаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки дар маркази ноҳия воқеъ гардидааст, таъмиру тармим намуданд.
Шиору навиштаҷоти ҳизбӣ, акси Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва парчамҳои ҳизбиву давлатиро азнавсозӣ намуда, бо ин амали созандаашон симои зоҳирии маркази ноҳияро зебо гардонида, саҳми хешро дар ободонии диёр гузоштанд. Ин амали неки ҳизбиён туҳфаи идона ба сокинони маркази ноҳия мебошад.